БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи касбу ҳунарҳои мардумӣ ба рӯзгори мардум файзу баракат овард

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, баҳри эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Навобод” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанидӯзӣ, намоиши дӯхти либосҳои занона бо тарҳи замонавӣ бо нигоҳ доштани нақшу нигорҳои ниёгон бо барномаи рангини фарҳангӣ  пешкаши сокинон гардид.

Дар рафти баргузории чорабинӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти  робита бо маҳал сухан намуда, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум ибрози андеша кард.

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки  дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳое амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гуна роҳу восита ба гурӯҳҳои ифротӣ  ҷалб мекунанд, ки ин боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз шаҳрвандон гардида истодааст.

Бояд қайд кард, ки имрӯз занону модарон ва кулли сокинони маҳал бо эҳёи ҳунару анъанаҳои мардумӣ ба рӯзгорашон файзу баракат ва фаровонӣ оварданд, ки ин роҳ ба сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири хуб мерасонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg