БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ

ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша- чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Ғалаба» вохӯрии судманд дар мавзӯъи «Пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ» доир гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ корманди масъули ҳизб Фарҳод Обидзода иброз намуд, ки бо мақсади муайян кардани сиёсати давлатии иттилоотӣ, ташаккул ва рушди сиёсати давлатӣ дар соҳаи иттилоот, ҳифзи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши иттилоот, таъмини ташаккул ва инкишофи фазои ягонаи иттилоотӣ-фарҳангӣ ҳамчун шарти зарурии ягонагии сиёсӣ ва маънавии аҳолии ҷумҳурӣ, муҳайё сохтани заминаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва техникию технологии воридшавии мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳонии иттилоотӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба тасвиб расидаанд.

Дигаргуниҳои куллӣ дар сохтори геополитикии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тағйироти системаи иҷтимоӣ - сиёсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷаҳони муосир тадриҷан ба давраи сифатан нави тараққиёт ворид мегардад.

Аз ин рӯ мо соҳибватанонро месазад, ки дар таъмини амнияти иттилоотии кишвари азизамон-Тоҷикистон саҳмгузор буда, ҷомеаро аз хатарҳои геополетикӣ эмин нигоҳ дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg