БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Модари аскарбача-модари шуҷои миллат аст

ЁВОН. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»  бахшида ба 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ротаи якуми баталёни дуюми бригадаи 6593-и Сарраёсати ислоҳи ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  чорабинии фарҳангӣ дар мавзӯъи  «Модари аскарбача-модари шуҷои миллат аст» баргузор гардид.

Дар чорабинии зикргардида модарони рӯзгордида ва модарони ҷавон аз ҷамоати деҳоти дурдасти  Ситораи Сурх ба аёдати сарбозон ва афсарони қисми низомии мазкур омада, бо шароитҳои зисту зиндагонӣ ва буду боши онҳо аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Модарон барои сарбозон бо худ кӯлчаҳои ширмол, хӯрокҳои лазизи миллӣ, анвои ширинии нонӣ оварда, модарон бо дастони худ барои сарбозон дастурхони идона оростанд. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба китобхонаи сарбозон ба миқдори чор курсӣ ва як миз ва ба маблағи 1000 сомонӣ дастурхони идона оростанд, ки  ин иқдоми ватандӯстона бори аввал набуда, дар арафаи ҳар иду ҷашнҳои давлативу миллӣ амалӣ мегардад.

Ҳунармандони Кохи фарҳанги ноҳия ба чорабинии мазкур ҳусни хоса зам намуда, модарон бо сарбозон шукрона аз сулҳу суботи кишвари маҳбуб карда, рақсу бозӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg