БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Либоси миллӣ - муаррифгари занони тоҷик

ВАХШ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вох­ӯриҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву ­маҳаллаҳои ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ба номи «Бобоҷон Ғафуров»-и ҷамоати шаҳраки Вахш чорабинии фарҳангию сиёсӣ атрофи самтҳои афзал­иятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи  «Либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» доир карда шуд.

Дар чорабинии болозикр мудири шуъбаи  кор  бо  занони Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Вахш  Нуралиева Мадина иштирок ва  суханронӣ  намуд.

Нуралиева  Мадина зимни андешаронӣ, қайд наму­д, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешв­ои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти  кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Ра­ҳмон дар ҳар як суханрониашон оид ба либоси миллӣ  таъкид менамоянд.

Инчунин, таърих гувоҳ  аст, ки  зан  - модари  тоҷик дар  ҳама  давру замон  посдори  оину  анъанаҳои  неки ниёгон  маҳсуб  меёбад. Яке  аз  нишонаҳои  асосии  фарҳангу   тамаддуни  мухталифи  дунё  либоси  миллии  онҳост.

Дар чорабинӣ  занону  бонувон ҳунарҳои  дастии  хешро  ба  маърази  тамошо  гузошта, масъулин ба ҳунармандони  маҳаллаи  мазкур  дар  пешрафти  корашон  барору  комёбӣ  таманно  намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg