БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мубориза зидди хатарҳои ҷаҳони муосир яке аз вазифаҳои мо шаҳрвандон аст!

ВОСЕЪ. Дар ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова ва дигар шахсони даъватӣ  вохӯрӣ доир гардид.

Ҳангоми вохӯрӣ Шаҳноза Раҷабова қайд намуд, ки яке аз сабабҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротии созмону ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ пеш аз ҳама ташкили мактабу гурӯҳҳои ғайрирасмии динӣ аз тарафи рӯҳониёни алоҳида мебошад, ки омӯзиши ғайриқонунии рукнҳои исломро барои наврасон ва ҷавонон ба тарзи нодуруст ба роҳ мондаанд. Ғайр аз ин гаравиш ба сафи ташкилоту созмонҳои байналмилалии экстремистӣ-террористӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ташвишовар мебошад. Зеро аз муҳити Ватани хеш канда шуда, ҷавонони ҳанӯз тафаккуру андешаи миллиашон ташаккул наёфта, роҳгум мезананд ва ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд.

Ҳамзамон, дигар шахсони давъатӣ иброз доштанд, ки гарчанде мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бошад  ҳам, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg