БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тозакориву ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Гулсимои ҷамоати деҳоти ба номи Исмат Шарифов Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.

Дар Аксияи  мазкур доираи васеъи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд. Яке аз ҳадафҳои асосии баргузории Аксияи ҳизбӣ ин омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати дар сатҳи сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он бо ҷалби сокинони деҳа баргузор гардида истодааст.

Зимнан, қайд намудан ба маврид аст, ки баргузории чунин аксияву чорабиниҳо оид ба баргузории корҳои ободонию созандагӣ дар шакли дастаҷамъона ин нишонаи якдиливу якмаромӣ ва баланд гардидани эҳсоси масъулиятшиносиву зебоипарастии мардум нисбати муҳити атроф ва дар маҷмуъ Тоҷикистони азиз мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg