БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҳкими раванди худшиносии миллӣ дар даврони Истиқлолият

ҲАМАДОНӢ. Дар асоси  нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия Шарифзода Сафаралӣ ва Моҳира Одинаева бо сокинони деҳаи Марғоб вохӯрӣ гузарониданд.

Нахуст, Гадоӣ Сайдалиев дар бораи ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар  ин замина дуруст сафарбар кардани корҳои хайру сахо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳа андашронӣ намуда, барои боз ҳам ривоҷу равнақ додани касбу ҳунарҳои мардумӣ, дар доираи қонуни танзим баргузор кардани  ҷашну маросимҳо, дар партави Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” анҷом додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, хайру сахо ба хотири  рушду нумуи Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз маълумот дод.

Дигар баромадкунандагон низ  дар назди ҷамъомадагон   атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин  навори  телевизионие, ки тариқи шабакаҳои телевизионӣ  бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам” намоиш дода шударо муҳокима карда,  онҳоро барои ҳифзи марзу  буми кишвар,  арзишҳои миллӣ, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, алалхусус ҷавонон даъват карданд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg