БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таҷлили Рӯзи дониш дар Кӯлоб

КӮЛОБ. Бахшида ба соли нави таҳсил  ва Рӯзи дониш дар тамоми муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумии кишварамон чорабинии идона баргузор карда мешавад. Аз ҷумла имрӯз дар мактаби миёнаи умумии №34- ҷамоати деҳоти Даҳана бо иштироки васеъи омӯзгорону хонандагон, падару модарон ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  чунин чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Файзуллоев Алишер  баромад намуда қайд кард, Рӯзи дониш ва дарси сулҳро ба омӯзгорону хонандагон табрик гуфта,  иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи маориф имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода менамояд ва маблағгузориҳои соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.

Дар охир директори муассисаи таълимӣ барои дастгириҳои пайвастаи   Сарвари давлат изҳори ташаккур намуда, зикр кард, ки  нисбати  ғамхориҳои пайвастаи  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо омӯзгорон дар таълиму тарбияи  насли наврасу ҷавон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда, мекӯшем, ки  дар оянда насли ватансозу  инсондӯстро тарбия намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg