БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқлолият заминаи эҳё шудани асолати қадимаи миллат аст

ПАНҶ.  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷараёни баргузории чорабиниҳову машғулиятҳои сиёсиро  мутобиқи ҷадвали баргузории вохӯриву  сӯҳбатҳо ба роҳ монда истодааст. Вазифаи асосии ҳизбиён  ташкил ва дар сатҳи баланд  ба роҳ мондани  ин чорабиниҳои сиёсӣ мебошад. Ҷамъомадҳо, ки асосан дар ташкилотҳои ибтидоии навтаъсиси маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор мегарданд, масъулин аввалан мақсаду мароми чорабиниҳои сиёсиро ба ҳозирин фаҳмонда медиҳанд.

Тибқи ҷадвали вохӯриҳо дар маҳаллаи Сари ҷангали ҷамоати деҳоти «Нури Ваҳдат» санаи 27 августи соли ҷорӣ бо аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии «Сари ҷангал» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ба ҳайати гурӯҳи меҳмонон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Файзиев Каримҷон, мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ноҳияви Шомаҳмадзода Музафар ва мудири шуъбаи маънавиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохия Нуруллоев Маъруф иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромад Файзиев Каримҷон қайд  намуд, ки дар Паёми навбатии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон соли ҷорӣ  Соли рушди сайёҳӣ ва эҳёи хунарҳои мардумӣ эълон гардидааст.   Ин пешниҳоди навбатии Пешвои миллатро мардуми шарифи Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфтанд. Дар баробари сердаромад будани  соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ таъмин гардида, дар ин замина сатҳи зиндагии мардум баланд мегардад, ҳамзамон таъриху фарҳанги миллӣ ва тамаддуми қадимаи миллати мо ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.

Нуруллоев Маъруф оид ба 27-соли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва дастовардҳои беҳтарини кишвари мо дар ин муддат, ки бо дастгирӣ ва иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст омадаанд, андешаронӣ намуд.

Дар намоиши ҳунарҳои миллӣ, ки сокинони маҳаллаи Сари ҷангал ташкил карда буданд, намунаи махсули дастони кадбону ва чирадастони маҳалла, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, табақу қошуқ, маҳсули оҳангарӣ ва хӯрокҳои миллӣ ба намоиш гузошта  шуда буданд. Як оилаи ҷавон Шодиевҳо, ки бо фарзандонашон машғули истеҳсоли армуғонҳо дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ  маъруф гаштааст, маҳсулотҳои худро низ ба намоиш гузошта  буд, ки хело диданӣ буданд. Ҳамчунин, дар ин намоишгоҳ маводҳои гӯшаи ёдгориҳои таърихии муассисаи таълимии №5-и ҷамоати мазкур ба маърази тамошо  гузошта шуда буд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg