Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Қизил-байрақи ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизби “Истиқлол” тибқи ҷадвали баргузории мулоқот бо сокинони маҳал бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мулоқот баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарғиби либоси миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ба дарки ҷомеа расонидани озмунҳои ҳизбӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баррасӣ карда шуданд.
Дар охир бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои дастии сокинони деҳа, аз ҷумла чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.