![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/%D0%91%D0%95%D0%A8%D0%9A%D0%90%D0%9F%D0%90%20%284%29_0.jpg?itok=uo3U1quB)
ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Бешкаппаи ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳия Абдуллоева Шоира бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Нахуст Абдуллоева Шоира дар назди ҷамъомадагон оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал, ҳифзи дастовардҳои бузурги таърихии миллат ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, инчунин дар ин раванд моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро баррасӣ намуд.