БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эътимоду боварии мардум ба ҲХДТ зиёд гашта истодааст

Ш.ШОҲИН. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо  сокинон дар деҳаи Назарбоӣ   вохӯрӣ  баргузор карданд.

Вохӯриро мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин  Суннатулоева Мавзуна кушода, вобаста ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва озмунҳои ҳизбӣ суханронӣ намуда,  сокинонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, боз ҳам ривоҷу равнақ додани касбу ҳунарҳои мардумӣ раҳнамоӣ намуда, иброз дошт, ки барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд ҳамаҷониба талош варзида, барои оромии кишвари маҳбубамон камари ҳиммат бандем.

 Дар охир якчанд нафар барои пайвастан ба сафи ҲХДТ  ба унвонии Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳиявӣ ариза пешниҳод намуда, дар ин деҳа ташкилоти ибтидоии ҳизбии нав таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg