![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20180802_110200.jpg?itok=Bp0Vv-Nv)
А.ҶОМӢ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Чашмасор»-и деҳаи Чашмасори ҷамоати деҳоти Калинини ноҳия хониши сиёсиро дар доираи татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор намуданд.
Дар назди ҷамъомадагон самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани ҷомеа дар роҳи мубориза бо онҳо ва аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа баррасӣ гардида, ба ҷамъомадагон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии номбурда аз ҷумла аз соҳибкорону шахсони хайрҳоху саховатманд барои боз ҳам ободу зебо гардидани маҳали зист ва дасти кӯмак дароз намудан ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа, ятимону бепарасторон, шахсони яккаву танҳо даъват барои амал оварданд.