БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Август 2018

Фарҳанг ҳастии миллат ва пояи устувори давлат аст

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Фарҳанг» мулоқот доир намуд.

Ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар маҳал

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳаи Қиблаии ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишев дар мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинӣ баргузор карда шуд. Нахуст, намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби сокинони маҳалла ташкил карда шуда, сипас вобаста ба мавзӯъҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор сурат гирифт.

Вохӯрӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ

ПАНҶ. Санаи 8 раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон дар толори муассисаи таҳсилоти умумии №2 бо кормандони корхонаву идораҳо, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, вакилон ва фаъолони ҳизб вохӯрӣ доир намуд.

Огоҳии мардум аз хавфу хатарҳои ТТЭ ҲНИ дар маҳал

НОРАК. Бо иштироки раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Қурбонова Руқия, узви КИМ ҲХДТ Казакова Умринисо ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринисо дар маҳаллаи Лангари минтақаи манзилии №2-и шаҳри Норак  оид ба муҳокимаи фоҷиаи  даҳшатбори гурӯҳи ҷинояткорӣ ТТЭ ҲНИ ва пешгирӣ аз хавфу хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои ирфотӣ  вохӯрӣ доир гардид.

Амали нангини ТТЭ ҲНИ нафрати ҷомеаро нисбати хоинони миллат бештар намуд!

МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки

Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бо сокинон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мулоқот баргузор гардид.

Тақвияти робита бо маҳал дар шаҳри Левакант

ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот ва  чорабинии ҳизбӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робитаи ҲХДТ бо маҳал  дар деҳаи  Баҳодурон 1-и  ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони деҳаи мазкур бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Амали хоинони миллат то абад бахшида намешавад!

КУШОНИЁН. Кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаи  ба номи Лоиқ Шералии  ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуда, амали  ваҳшиёнаи наҳзатиёни ифротӣ  дар ноҳияи Данғараро муҳокима намуданд.

Соли 2018 - соли муаррифии ҳунарҳои мардумӣ

КӮЛОБ. Дар деҳаи Камари ҷамоати деҳоти Даҳана бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби сокинон чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.

ҲХДТ –ҳизби созанда ва бунёдкори ҷомеаи навини Тоҷикистон

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол” хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ» дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи-2” ба пуррагӣ иҷро шуд!

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар Беморхонаи №2-и ҷамоати шаҳраки 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ноҳия бо иштироки табибону ҳамшираҳои беморхонаи мазкур соати сиёсӣ баргузор намуданд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg