БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ» дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи-2” ба пуррагӣ иҷро шуд!

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар Беморхонаи №2-и ҷамоати шаҳраки 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ноҳия бо иштироки табибону ҳамшираҳои беморхонаи мазкур соати сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Оиннома ва барномаи ҳизбӣ ва вазифаву мақсадҳои асосии ҳизб ба саҳми иштирокчиён, ба хусус аъзову ҷонибдорони ҲХДТ расонида шуда, таъкид карда шуд, ки ҳар як узви ҲХДТ вазифадор аст дар рушду пешрафти ҷомеа фаъол ва саҳмгузор бошад, баҳри сидқан ҳизмат намудан дар самти вазифаи ба зиммагузоштаи роҳбарият фаъол бошад. Сардухтури Беморхонаи шаҳрак Гулиев Ҳакиҷон ҳамзамон раиси  ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №2”  қайд намуд, ки имрӯз табибони мо  баҳри солимии ҷомеа  ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, корҳои тарғиботиву тшвиқотиро тибқи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ дар байни аҳолӣ  роҳандозӣ намуда истодаанд.  Беморхонаи мазкур ташкилоте мебошад, ки дар ҳудуди ноҳия аввалин  шуда, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии  «Минбари халқ”  ва “Ҳамрози халқ» ба пуррагӣ баромадааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg