БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти робита бо маҳал дар шаҳри Левакант

ЛЕВАКАНТ. Мувофиқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот ва  чорабинии ҳизбӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робитаи ҲХДТ бо маҳал  дар деҳаи  Баҳодурон 1-и  ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Левакант намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо сокинони деҳаи мазкур бо як шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур ҷоннок намудани ҳисси зебоипарастӣ ва завқи баланди занону духтарони деҳот мебошад.

Дар рафти чорабинӣ сокинони маҳал аз корҳои хонагии занону ҷавонони ҳунарманди деҳа, ки аз аҷдодонамон ба мо боқӣ мондааст, пешкаши масъулин намуданд. Ба  8 нафар аъзои нави  ташкилоти ибтидоии “Баҳодурон -1”, ки  тоза ба сафи ҳизб шомил  шуданд, дар вазъияти тантанавӣ  билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ватанзода Саидҷаъфар ба фаъолону ҷонибдорони ҲХДТ Сипоснома тақдим намуд.

Сипас, кормандони шуъбаи фарҳанги шаҳр бо базму сурудҳои дилнишинашон табъи ҳозиринро болида намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg