БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амали нангини ТТЭ ҲНИ нафрати ҷомеаро нисбати хоинони миллат бештар намуд!

МУЪМИНОБОД. Дар кӯчаи ба номи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки

Муъминобод тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бо сокинон бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва дигар шахсони  масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъ ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24 ва дар бораи ходисаи мудҳише, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба вуқӯъ омада буд, изҳори нигаронӣ гардида, ҳодисаи мазкурро амали ноҷавонмардона гуфта, қатъиян маҳкум намуданд.

Инчунин, ба аёдати пирони рӯзгордидаи деҳаи мазкур рафта, масъулин бо онҳо  суҳбати самимона анҷом доданд ва аз ҳолу аҳволи  пирони барнодил  шинос гардиданд.

Дар рафти баргузории мулоқот бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои дастии сокинони кӯча, аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg