БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –ҳизби созанда ва бунёдкори ҷомеаи навини Тоҷикистон

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол” хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдураҳимова Фарзона вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбудӣ бахшидан ба сатҳи некӯаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сухан намуда, даъват бар он намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлатамон ҳар як фарди ҷомеаро мебояд саҳмгузор бошад.

Сипас,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Ваҳобиддин Абдуллоев дар бораи таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иштирокдоронро ба корҳои ободониву созандагӣ даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg