БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли 2018 - соли муаррифии ҳунарҳои мардумӣ

КӮЛОБ. Дар деҳаи Камари ҷамоати деҳоти Даҳана бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ҷалби сокинон чорабинии фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.

Ба намоиш сокинон ҷалб гардида, ҳунарҳои дастии худ, аз ҷумла, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ҷуроббофӣ, табақтарошӣ, сабадбофӣ ва маҳсулотҳои кишоварзиро ба маърази дид гузоштанд.

Зимни чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, роҳбари  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб ва муовини раиси ҷамоати деҳоти Даҳана Саидаҳмадова Дилором иштирок ва баромад намуданд.

Аз ҷониби иштирокдорон дар рафти ҳамоиш қайд гардид, ки хушбахтона, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин пешниҳоди Пешвои миллати мо иқдоми наве барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рӯзгори моддии мардум ва сайёҳӣ дар дохили кишвар мебошад.

Ҳадафи асосии эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ин муаррифӣ намудани фарҳангу ҳунарҳои қадима ва волои мардуми Тоҷикистон ба ҷаҳониён, манзараҳои зебову табиати нотакрори он, минтақаҳои дорои аҳамияти сайёҳии экологӣ, сайёҳии таърихӣ-фарҳангӣ, сайёҳии рекреатсионӣ ва сайёҳии кӯҳнавардӣ мебошад.

Дар баробари ин таъкид карда шуд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳар як фарди худогоҳро зарур ва лозим аст, ки дар муаррифии Тоҷикистони биҳиштосо, табиати нотакрори он, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи хешро гузорад.

Ҳадаф аз баргузории намоишҳои мазкур дар сатҳи деҳаю маҳал муаррифии ҳунарҳои мардумӣ, рӯ овардан ба ҳунарҳои аҷдодӣ ва дарёфти армуғонҳо, тарроҳон ва наққошон дар доираи эълони озмунҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иброат мебошад.

Дар охир ба аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супурда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg