БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

28 Июн 2018

Ҷавонон хазинаи тиллоии давлату миллат

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқотҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо кормандони Кумитаи иттифоқи касабаи ноҳия мулоқот доир намуданд.

Таҳкими сулҳу субот аз ҳадафҳои олии ҲХДТ

ТЕМУРМАЛИК.Бо мақсади тақвияти робита бо маҳал вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Ҷаҳонгир бо сокинони деҳаи Меҳнатободи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Солимии миллат аз насли ояндасоз вобастагӣ дорад

Ш.ШОҲИН. Бо  мақсади  тарғиби  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим» бо кормандону аъзои ташкилоти номбурда  вохӯрӣ анҷом доданд.

Тоҷикистонро аз хатарҳои беруна ҳифз менамоем

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Абдулҳаев Маҳмадсаид ва  кормандони масъули он дар ҷамоати деҳоти ба номи  И.

Табибон охирин даргоҳи умеди беморонанд

Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки  кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи бемориҳои сил» вохӯрӣ баргузор гардид.

Пешрафту тараққиёти Ватан дар меҳвари барномаи ҲХДТ

ХУРОСОН. Дар маҳаллаи Ориёни ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат бо сокинон  вохӯрӣ баргузор гардид.

Пешрафту тараққиёти Ватан аз насли ояндасоз вобастагӣ дорад

ФАРХОР. Тибқи нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо толибилмони синфҳои 10-11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24, ки дар деҳаи  ба номи Сайф Раҳимзоди Афардии ҷамоати деҳоти Зафар ҷойгир аст, мулоқот доир намуданд.

Нерӯи барқ бояд оқилона истифода шавад!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ   дар Идораи барқи ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Татбиқи сиёсати Пешвои миллат вазифаи ҷонии мо шаҳрвандон аст

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сипарони Ватан» бо иштироки сармухосиби Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Хуҷаев Саидаҳмад бо кормандони масъули ташкилоти мазкур мулоқот баргузор гардид.

Баланд бардоштани сатҳи маърифатию фарҳангии наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ

БОХТАР. Тибқи нақшаи баргузори вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мададгор » бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан вохӯрӣ баргузор гардид.

Тақвияти ҳуввияти миллӣ ва висси ватандӯстӣ дар мадди назар

А.ҶОМӢ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  Ҳалимов Муҳаммаддовуд  дар  ҷамоати деҳоти Яккатут оид ба баррасии суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеаи кишвар,  иштирок дар семинар-машварати  кишоварзони вилояти Хатлон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Фарҳанг силоҳи маънавии давлат аст

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  дар дар коргоҳи дӯзандагии «Чилдухтарон» бахшида ба эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷумъагул Шомаҳмадова вохӯрӣ доир  гардид.

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тақозои замон аст

Н.ХУСРАВ. Раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   Алиева  Сураё  ҳамоиши  ҳунарҳои  мардумии   Маҳаллаи  Бешкаппаи  ҷамоати  деҳоти  «Наврӯз»-ро  ифтитоҳ  намуда  қайд  намуд, ки  эълон  гардидани   соли  2018 ҳамчун «Соли Рушди  сайёҳи  ва  ҳунарҳои  мардумӣ» падидаи  накӯест дар  дунёи  ҳунар, ки  дар  кишвари  мо  ба  рушди  сайёҳи  ва  ҳунарҳои  мардумӣ мусоидат  менамояд.

Ваҳдати миллӣ-ифтихори миллат аст

ЛЕВАКАНТ. Тибқи накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба  тақвият бахшидани робита бо маҳал ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи кишвар намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо фаъолону ҷавонони ташкилоти ибтидоии «Зағертут» мулоқоти судманд доир карданд.

Мо амалҳои зишту хиёнаткоронаи хоинони Ватану миллатро маҳкум мекунем!

ПАНҶ. Имрӯзҳо дар сар то сари Ватани маҳбубамон пас аз пахши филми мустанади «Решаҳои ноаён» мардум чеҳраи аслии саркардагони собиқ ҲНИТ-ро ба хубӣ ва ба пуррагӣ шинохтанд.

Дар шукуфоиву пешрафти Тоҷикистон саҳмгузор бошем!

МУЪМИНОБОД. Дар асосии нақша чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар деҳаи Дараи Ҳаваши ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳия маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Мардум ба қадри моҳияти Ваҳдати миллӣ мерасанд!

КУШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён  барномаи пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро, ки соли 2018-ро Соли тақвияти робита дар маҳал эълон гардидааст,  дастгирӣ намуда, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро бо барномаи ҳизб ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ошно гардонида истодаанд.

Насли наврас пайрави ҳадафҳои созандаи ҲХДТ

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бо мақсади ҷалби ҷавонон ба мафкурасозии миллӣ ва тарзи ҳаёти солим дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзиш” чорабинии варзишии намуди бозии “шоҳмот” дар байни хонандагони синфҳои 10-11 баргузор гардид.

Ҳифзи арзишҳои давлату миллат ба зиммаи ҷавонони Ватан вогузоранд

ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар деҳаи Навободи  ҷамоати  деҳоти Тугараки ноҳия  бо ҷавонон баргузор гардид.

Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист

ВАХШ. Бо ибтикори шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар маҳаллаи Зартеппаи ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон оид ба қадру қиммати Ватану ватандорӣ мулоқоти судманд бо занону бонувон доир карда шуд.

Таъмини амнияти озуқавории кишвар- вазифаи муқаддаси кишоварзон

ПАНҶ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ таҳти унвони  «Саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар- вазифаи муқаддаси кишварзон», ки аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон бармеояд, дар ташкилоти ибтидоии  «Кишоварзӣ» бо кормандони масъули ин идора вохӯрӣ доир гардид.

Фаъолони ҳизб қадршиносӣ гардиданд

КУШОНИЁН.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ   дар  ноҳияи Кушониён  бахшида  ба 21-солагии  Рӯзи  Ваҳдати миллӣ  бо мақсади дар сатҳи баланд  таҷлил намудани   чорабиниҳои фарҳангӣ, саҳм гузоштан дар ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  7 нафар  кормандони фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳангчиён”   бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Таблиғи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар байни занони деҳот

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар муассисаи таҳсилоти томактабии ноҳия, боғчаи бачагонаи №2 дар бораи нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ  ва роҳҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон вохӯрӣ баргузор карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg