ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар муассисаи таҳсилоти томактабии ноҳия, боғчаи бачагонаи №2 дар бораи нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ ва роҳҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.
Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуд, ки онҳо метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунарҳои худ ва шароити иқтисодии худу атрофиёнашонро бо ташкил намудани ҷойҳои нави кори беҳбудӣ бахшанд.
Инчунин, ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки барои тарбия намудани насли наварас дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллӣ, эҳтироми калонсолон, давом додани таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунар барои фарзандони худ шароит фароҳам оваранд. Дар идома қайд карда шуд, ки дар ҷомеаи имрӯза гурӯҳҳои амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дурӯғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳҳо ҷалб намуда, ин боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз занон гардида истодааст.