БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо амалҳои зишту хиёнаткоронаи хоинони Ватану миллатро маҳкум мекунем!

ПАНҶ. Имрӯзҳо дар сар то сари Ватани маҳбубамон пас аз пахши филми мустанади «Решаҳои ноаён» мардум чеҳраи аслии саркардагони собиқ ҲНИТ-ро ба хубӣ ва ба пуррагӣ шинохтанд.

Бо ин мақсад  кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ филми мустанадро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, амалҳои хиёнаткоронаи Муҳиддин Кабирӣ, Саид Қиёмиддини Fозӣ ва дигар ҳамаслакони онҳоро сахт маҳкум намуданд.

Бар зидди ин кирдорҳои ноҷавонмардонаи хоинон пайваста аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вокунишҳо навишта ва дар сомонаҳо паҳн карда мешавад.

Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Файзиев Каримҷон  зимни суханронии хеш қайд кард, ки ҳар яки мову шумо бояд дар ҳар як вохӯрӣ ва суҳбатҳои инфиродӣ бо аҳолӣ оид ба амалҳои зишти ин ҷинояткорон суханронӣ карда,  мардумро аз рафтори онҳо воқиф созем.

Ҳамзамон, дар ин ҷамъомад атрофи хатарҳои ҷаҳони муосир ёдовар гашта, таъкид карда шуд, ки расидан ба қадри сулҳу суботи саросарии кишвари азизамон вазифаи муқаддаси ҳар як шахси худогоҳу хештаншинос мебошад.

Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки дар саргаҳи тарғибу ташвиқи сиёсати бунёдкорона ва созандаи Раиси муаззами ҲХДТ,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg