
ФАРХОР. Тибқи нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо толибилмони синфҳои 10-11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24, ки дар деҳаи ба номи Сайф Раҳимзоди Афардии ҷамоати деҳоти Зафар ҷойгир аст, мулоқот доир намуданд.
Мақсад аз баргузории вохӯрӣ пеш аз ҳама дар замири насли ҷавону наврас ҷой кардани ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, рӯ овардан ба илмомӯзӣ, огоҳонидан аз хатарҳои терроризму экстремизм ва истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ буд.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба масъалаҳое, ки дар боло зикр гардиданд, андешаронӣ намуда, насли ояндасози ватанро ба донишмӯзиву, ихтироот, навоварию эҷодкорӣ, омӯзиши касбу ҳанрҳои мардумӣ, таҳсил бо баҳои хубу аъло дар муассисаҳои олии мамлакат раҳнамоӣ карданд.