БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштани сатҳи маърифатию фарҳангии наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ

БОХТАР. Тибқи нақшаи баргузори вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мададгор » бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст,  Асадуллозода Ватан  дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунарҳои мардумӣ,  ихтироот, омодагии  онҳо ба зиндагии мустақилона, дӯст доштани Ватан,  ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлату миллат суханронӣ намуд.

Дар охир  ба 10 нафар кормандоне, ки ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карда буданд,  дар вазъияти  тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg