БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи арзишҳои давлату миллат ба зиммаи ҷавонони Ватан вогузоранд

ВОСЕЪ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар деҳаи Навободи  ҷамоати  деҳоти Тугараки ноҳия  бо ҷавонон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Раҷабова Шаҳноза ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Зимни мулоқот Раҷабова Шаҳноза оид  ба корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа, пешгирӣ аз бемории  сироятии Вируси норасоии масунияти одам суханронӣ намуд.

Дар идомаи суҳбат дигар баромадкунандагон низ қайд намуданд, ки ҷавонон бояд дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия  фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд.

Амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин ва кишвари маҳбубу соҳибистиқлоламон бошанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg