ВАХШ. Бо ибтикори шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар маҳаллаи Зартеппаи ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон оид ба қадру қиммати Ватану ватандорӣ мулоқоти судманд бо занону бонувон доир карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Нуралиева Мадина иштирок дошта, қайд намуд, ки Baтан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд ва оромиву шукуҳ ва шукуфоии Ватан аз масъулияти ҳар як сокини он вобаста acт.
Aгар Ватан орому осуда бошад, дар саросари он cyлҳу субот ҳукмрон аст ва муҳаббати мардум меафзояд. Ҳамаи мо аз олами расму ойин ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, Ватани соҳибистиқлоли мо низ ба шумули давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хоҳад гашт.
Шукуфоии Ватан аз масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст.
Иштирокдорони мулоқот суханрониҳои Мадина Нуралиевар ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки мо занону модарон ҷавобан ба ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри боз ҳам обду зебо гаштани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз саҳми арзанда хоҳем гузошт.