
МУЪМИНОБОД. Дар асосии нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар деҳаи Дараи Ҳаваши ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳини ноҳия маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва дигар шахсони муттасадӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан Салоҳиддин Мирзобаротов дар назди ҷамъомадагон атрофи суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиёни кишвар ва семинар-машварати кишоварзони вилоят, ки дар ноҳияи Данғара ироа гардид, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, мубориза бар зидди терроризм, муқовимат бо коррупсия, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоӣ, рушду равнақи ҳунарҳои мардумиро мавриди баррасӣ қарор дода, иштирокдоронро баҳри иҷрои саривақтии дастуру супориш ва ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоӣ кард.