ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои “Намуна” ва “Бешаи палангон” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" гузаронида шуд.
АНДЕША. Қобили тазаккур аст, ки дар шароити кунунӣ намудҳои гуногуни ифротгароӣ аз худ дарак доданд, ки дар байни онҳо ифротгарои динӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Мақсади онҳо зӯран ғасб намудани ҳокимият, ба мафкураи мардум ҷой намудани идеологияҳои мазҳаби худбофтаву худсохта, ноором кардани вазъ ва амнияти кишвар бо ин мақсад, барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ дар ҷомеа равона шудааст.
ДАНҒАРА. Бо мақсади ба дарки сокинон расонидани мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар таоми ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот суҳбату вохӯрӣ баргузор гашта истодааст.
ДАНҒАРА. Бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани Ватани азизамон ва шоиста истиқбол гирифтани ҷашни бузургу муқаддас 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ, бунёди боғу токзорҳо, майдончаҳои варзишӣ, гулгашту хиёбонҳо бо маром рафта истодааст.
ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо дар ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксия таҳти унвони “Ободии Ватан мароми мост” роҳандозӣ гардид.
ВОСЕЪ. Дирӯз дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ гурӯҳи тарғиботӣ бо раисони маҳаллаҳо, сокинон оид ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуданд.
АНДЕША. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватан-Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлат ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу бум ва хоки муқаддаси кишвар лозим буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода шавад ва тамоми сохторҳои низомӣ аз нав барқарор гардад.
АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ вазъият дар ин самт ниҳоят душвор буд. Дар қисмҳои ҳарбӣ шароит он қадар хуб ба чашм намерасид.
ШАҲРИТУС. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва дастгирии муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” Иноятзода Парвин дар доираи Аксияи ҳизбӣ “Ниёзмандон ҳамеша зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!” оилаи марҳум Гуляев Низомҷон сокини деҳаи Чоршанбе, ки ҳангоми адои хизмати Ватан-Модар дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2020 ба ҳалокат расида буд, аёдат карда шуд.
А.ҶОМӢ. Дар ҳавзаи интихоботии №64-и қисман қаламрави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон бар ивази вакили хориҷшуда интихобот дар сатҳи баланди сиёсию оммавӣ баргузор гардида, Сула
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА
САОДАТИ ХАЛҚИ
ТОҶИКИСТОН
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: info@hkhdtkhatlon.tj
viloyathkhdtkhatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-94-19 Fax: (83222) 2-12-12