БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КИШОВАРЗОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТРО ИҶРО МЕНАМОЯНД

ВОСЕЪ. Дирӯз дар ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ гурӯҳи тарғиботӣ бо раисони маҳаллаҳо, сокинон оид ба расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Раззоқ низ иштирок  ва суханронӣ намуд.

Ҳамзамон мавсуф зимни ибрози андеша аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсола ироа намуда буданд, ёдовар шуда, қайд кард, ки  “Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд”.

Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки  тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.

Ин ғамхориҳои Пешвои миллат барои ҳамаи кишоварзони кишвар имкон медиҳад, ки як ваҷаб заминро низ бекор намонда, софдилона ба халқу миллати хеш хизмат намоянд. Сипас, дар навбати худ иштирокдорон, аз ҷумла кишоварзон дар суҳбат зикр намуданд, ки ҳар амру дастуре, ки аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду тараққиёти Ватан дода мешавад, бо ҷону дил  иҷро менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg