
ДАНҒАРА. Бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани Ватани азизамон ва шоиста истиқбол гирифтани ҷашни бузургу муқаддас 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ, бунёди боғу токзорҳо, майдончаҳои варзишӣ, гулгашту хиёбонҳо бо маром рафта истодааст.
Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” - и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар назди майдони Парчам шанбегии умумӣ баргузор карда шуд. Дар ин шанбегӣ аъзои фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, волонтёрони ҳизбӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ва дигар кормандони ташкилоту муаасисаҳо иштироки фаъолона дошта, дар як қатор корҳои ободониву созандагӣ саҳми назарраси худро гузоштанд.