БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ!

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо дар ҷамоати деҳоти  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксия таҳти унвони  “Ободии Ватан мароми мост” роҳандозӣ гардид.

Дар Аксияи мазкур намояндагони ҳизбӣ бо зиёда аз 300 оилаҳои ҷамоати мазкур суҳбату вохӯрӣ гузаронида, ба онҳо маводҳои таблиғотии “Ободонӣ”-ро  дастрас карданд.

Ҳамзамон, зимни суҳбат масъулин  иброз карданд, ки ҷамоати деҳоти номбурдаи  ноҳияи Восеъ, яке аз он ҷамоатҳоест, ки барои ободиву шукуфоии як гӯшаи кишвари азизамон нақши муҳим дорад  ва тибқи қарору амри Ҳукумати ноҳия ва Ҳукумати кишвар баҳри амалисозии ҳадафҳои созанда  як қатор корҳои арзишмандеро ба сомон расондааст.

Дар навбати худ чанде аз  сокинон қайд намуданд, ки баҳри сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми мардуми ҷамоати мазкур содиқона хизмат намуда истодаанд ва дар ҷавоб ба хизматҳои арзандаи Пешвои миллат ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ ё ёрирасонро самаранок истифода намуда, барои 2-3 соли оянда маҳсулоти аввалиндараҷаи ғизоӣ ва консерваҳои гуногунро омода хоҳем кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg