Точикистон, Точикистон,
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехохам, Ватан хастй бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагй кардан бас аст.
АНДЕША.Мусаллам аст, ки ҳар як давлату миллатро бо муқаддасоти миллӣ, забон ва фарҳангаш дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносанду эътироф менамоянд. Муқаддасоти миллии ҳар як халқу миллат рамзи асосии давлатдорию соҳибистиқлолии онро муаррифгар мебошад.