АНДЕША. Ҳар як давлату кишвари тараққиёфта нахуст ба артиши худ такя менамояд. Чун амну осоиштагӣ, оромиши он кишвар аз сарҳади мустаҳкаму сарбозони ватандӯст ва қавию далер вобастагии қавӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол ба як кишвари соҳибистиқлолӣ рӯ ба рушд ниҳода табдил ёфта, дорои неруҳои мусаллаҳи сохторҳои гуногуни амниятиву ҳуқуқи хеш мебошад. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони нермуманду созанда ва ватанхоҳ ҳамасола қарзи шаҳрвандии хешро иҷро намуда, ба ин васила иқтидори амнияти кишварро миёни давлатҳои ҳамсоя баланд мебардоранд. Ифтихор аз он дорам, ки дар осмони софу нилгун ва сарзамини соҳибтамаддуни тоҷикон сулҳу осоиштагӣ ҳукумрон буда, аз хизмати сарбаландонаи ҷавонони шуҷои Ватан сарчашма мегирад. Дар ноҳияи Ёвон низ шавқу рағбати ҷавонон ба ин ниҳоди сиёсӣ яъне шомил шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сол аз сол зиёд шуда, қисми зиёди онҳо ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешаванд. Ҳамасола барои ноҳияи Ёвон тақрибан 200 то 230 сарбоз нақшабандӣ гардида, ин шумора бо сарбаландона иҷро карда мешавад. Аз ин шумора 150 нафарашонро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки ихтиёран ба ин гурӯҳ шомил шудаанд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони бо нангу номус, фарзандони фарзонаи миллати тоҷик имрӯзҳо хуб дарк кардаанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ танҳо пос доштани марзу бум набуда, балки ҳимояи Ватан, давлату миллат, падару модар ва номуси ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро ҳифз менамоянд.
Чун мо дар арафаи таҷлили Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, тамоми сарбозони шуҷои Ватанро, ки пайи адои вазифаи худ ҳастанд ва дар симои онҳо кулли мардуми тоҷикро бо ин ҷашни бузург табрику таҳният мегӯям.
Хонаатон обод ва рӯзгоротон шод бошад, сарбозони шуҷои Ватан!
Раҳмонова Маҳбуба, мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон