БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИНА СИПАР КАРД ДАР РОҲИ ҲИФЗИ ВАТАН!

АНДЕША. Ҳарчанд ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуда бошад ҳам,  дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардидааст, зеро ки он зодаи Истиқлолияти давлатӣ мебошад. 18-уми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштан сатҳи омодагии ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳилаи аввалияи хешро паси сар намуд. Аз ҷумла, давраҳои ибтидоии Артиш, бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият додани он. Имрӯз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд.

Ин аст, ки яке аз ҷавони далеру шуҷои ноҳия Вахш Исломов Рамазон 28.12.1998, дар деҳаи «Чоргултеппа»-и Ҷамоати шаҳраки Киров ба дунё омадааст. Ӯ соли 2005 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳия ба синфи якум рафта, онро соли 2015 хатм намудааст. Падараш Исломов Аҳмад соли таваллудаш 17.02.1963 буда, айни замон нафақахӯри ВКД-ии ҶТ мебошад. Модараш Исломова Нуринисо зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Чоргултеппа, хонашин аст. Исломов Рамазон  шаш бародар дорад: 1. Исломов Далер, Исломов Файзалӣ,  Исломов Ибодулло, Исломов Сафархӯҷа, Исломов Шаҳбоз ва   Исломов Расул мебошанд. Бародарони ӯ  Исломов Файзалӣ соли 2014-2016 ва Исломов Далер соли 2011-2013 хизмати Ватан- Модарро ба ҷо овардаанд.

Мавқеи Артиши миллӣ дар низоми давлатдорӣ, саҳми чавонон дар ҳимояи марзу буми кишвар ва насли ояндасозӣ ҷомеаро дар ин роҳи пурифтихор, ҳифзи Ватан талқин намудан, вазифаи имрӯзаи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.  Сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа, алалхусус ба вазъи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гаштааст, ба ҷавонон неруву тавони тоза бахшида, онҳоро барои хизмати Ватан- Модарро ба ҷо овардан боз ҳам руҳбаланд менамояд.

Ҳамин буд, ки Исломов Рамазон 11.04.2018, барои адои қарзии мардонагии худ роҳи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш гирифт. Номбурда аз сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии ин сарзамини биҳиштосо шукрона карда, аз ҳамаи дастгириҳои Хукумати мамлакат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷавононро қувваи созандаи ҷомеа ҳисобидаанд, ифтихор менамуд. Ҳамаи ин дастгириҳоро ифодагари он мешуморид, ки ҷавононро мебояд, ки рисолати худро дар назди Ватан-Модар  сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзиш  бошанд ва , дар замири хеш ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонунро ташаккул диҳанд.

Исломов Рамазон бо чунин нияту орзуҳои нек ва ифтихор аз давлату давлатдории тоҷик тӯли қариб якуним сол адои хизмати ҳарбиро ба ҷо овард, аммо умр ба ӯ вафогӣ накард, 17.09.2019 ҳангоми адои хизмат дар сарҳади Тоҷикистон-Қирғизистон ҷони худро аз даст дод. Ӯ оиладор набуд. Дар ин роҳи пуршараф бо далерию шуҷоат шаҳид шуд. Ин оилаи ватандӯсту меҳандӯст бо фарзандони тарбия намудаашон метавонанд, дарси ибрати тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, алалхусус ҷавонон бошанд. Ба азму ирода ва матонату шуҷоати фарзандони ин сарзамин тамоми мардуми кишвар ҳамзамон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итмимони комил доранд ва дар суханрониҳояшон чунин иброз медоранд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳимояи марзу буми кишварро бовар карда, ба шумо фарзандони далеру шуҷои худ супурдаанд ва дилпуранд, ки шумо аз уҳдаи иҷрои ин рисолат бо сарбаландӣ мебароед. Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳар яки шумо – фарзандони ғаюру далери Ватан ва азму иродаи ҷавонмардонаи шумо итминони комил дорам».

Салимова Сабоҳат, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg