БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАКИ ҲИЗБИЁН БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД ДАР РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

ШАҲРИТУС.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шаҳритус ва  дастгирии фаъолони  ҳизб,  муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” Иноятзода Парвин, раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ва раиси ташкилоти ибтидоии “Заминсоз” Нурализода Умед дар доираи Аксияи ҳизбии “Ниёзмандон ҳамеша зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!” иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941 - 1945 Шоматов Кенҷа аёдат карда шуда, ба оилаи мавсуф  кумаки яквақтаинаи моддӣ  расонида шуд.

Инчунин,  бо дастгирии  фаъолони ҳизб ба оилаи марҳум Гуляев Низомҷон сокини деҳаи Чоршанбе ва  оилаи марҳум Баротов Шарифҷон сокини деҳаи Қаҳрамон, ки ҳангоми адои хизмати Ватан-Модар дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2020 ба ҳалокат расида буданд, аёдат карда шуданд.

Зинми аёдат намояндагони ҳизбӣ бо волидайни сарбозони шуҷои Ватан Гуляев Низомҷон ва Баротов Шарифҷон суҳбати самимона ороста,  ба ин оилаҳо кумаки яквақтаинаи моддӣ  расониданд.

Дар охир падари марҳум Гуляев Искандар ва Баротов Раҷабалӣ барои чунин дастгириҳо ва ташаббусҳои инсондӯстона ба ҳизбиён, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён карда, шукрона аз соҳибистиқлолии давлат ва шукуфоии Ватани хеш намуданд.

Ҳамзамон дар ин раванд  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шаҳритус дар доираи Аксияи ҳизбии  мазкур ба оилаи марҳум Саноев Шамсулло зодаи ноҳияи Шаҳритус, ҷамоати  шаҳраки Шаҳритус, ки соли 1984 ҳангоми амалиёти ҷангӣ дар шаҳри Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ҳалокат расидааст,  кумаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg