БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

"РӮЗИ ЁДОВАРӢ" -РО СОКИНОН ДАСТГИРӢ КАРДАНД

ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродов дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои “Намуна” ва “Бешаи палангон” бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Рӯзи ёдоварӣ" гузаронида шуд.

Дар Аксияи мазкур вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Ғоибназаров Муродгелдӣ  фаъолона ширкат варзида, дар назди ҷамъомадагон  оид ба моҳияти суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти  рушду нумуи кишвар, ки аз Паёми имсолаашон бармеояд, андешаронӣ карда, иштирокдорони чорабинии ҳизбиро барои боз ҳам пурзӯр кардани  амалҳои неку созанда ва саҳм гузоштан дар пешрафту шукуфоии Ватан ва таъмини зиндагии шоиста раҳнамоӣ намуд.

Сипас, дар навбати худ сокинон андешарониҳои вакили мардумиро бо хушнудӣ пазируфта, ба корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла тозаву озода намудани дохил ва гирду атрофи оромгоҳи деҳаҳои номбурда аз партовҳо, алафҳои худрӯй ва хушкшуда машғул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg