БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИСБАТИ ТАФРИҚААНДОЗӢ НАБОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ!

АНДЕША. Қобили тазаккур аст, ки дар шароити кунунӣ намудҳои гуногуни ифротгароӣ аз худ дарак доданд, ки дар байни онҳо ифротгарои  динӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Мақсади онҳо зӯран ғасб намудани ҳокимият, ба мафкураи мардум ҷой намудани идеологияҳои мазҳаби худбофтаву худсохта, ноором кардани вазъ ва амнияти кишвар бо ин мақсад, барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ  дар ҷомеа равона шудааст. Мавриди зикр аст, ки ҳадафи ифротгароёни динӣ барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ҷомеа аст. Ин гуна ашхоси ифротӣ аз иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат канораҷӯи намуда, ба ягон амали нек ва меҳнати ҳалол кор намегиранд.

Баръакс, онҳо дар паноҳи баъзе қувваҳо ба айбҷӯйиву дассисакорӣ даст мезананд. Зеро шиорҳои бофтаву хаёли фиребандаи худ ба амалҳои низоангезӣ ва тундгароӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро ба номи “ Фидокорӣ” ва “ Хизмат ба дин” анҷом медиҳанд.

Гирифтани пеши роҳи ҷавонон ва ноболиғон аз шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки экстремизму терроризм давлат, миллат, дин ва дигар муқаддасот  аҳамият надорад. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳи ҷомеаи осудаи моро зарур аст, ки алайҳи ҳама гуна равияҳои харобкор муқовимат карда, дар пойдории сулҳу ваҳдати комил саҳмгузор бошанд, корҳои фаҳмондадиҳиро дар муассисҳои таълимиву тарбиявӣ, муассисаҳои фарҳангиву маданӣ бояд роҳандозӣ намоем. Бадхоҳони миллати мо мисли ТТЭ ҲНИ натавонанд   иғвову кину адоватро миёни мардум барангезанд, ба халалдоршавии амният ва осудагии Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони азиз боис нагарданд.

ВОҲИД  Дилафрӯз Сафарӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg