БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АРТИШИ МИЛЛӢ КАФИЛИ БЕХАТАРИИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ МАРДУМ

АНДЕША. Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватан-Тоҷикистон мебошад. Бо ин мақсад, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии давлат ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу бум ва хоки муқаддаси кишвар лозим буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода шавад ва тамоми сохторҳои низомӣ аз нав барқарор гардад. Муътадил сохтани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима бахшидани  муноқишаҳои мусаллаҳона ва қонуншиканиву бедодгариҳо, ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ ва халъи силоҳ  тақозо мекард, ки ҳарчи зудтар  Артиши миллӣ таъсис дода шавад.

Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 дар шароити мавҷуд набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ, нарасидани кадрҳои ҳарбӣ, бахусус, кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд ва 18 декабри соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Дар оғози замони соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус дода, ба сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо таҷҳизоти техникӣ таъмин намудани қисмҳои ҳарбӣ, пурра намудани ҳайати шахсӣ, дар самтҳои муҳимтарини ҳарбӣ ҷой додани онҳо ва беҳдошти омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд.

Ҳамасола 23  феврал дар саросари  Ҷумҳурии Тоҷикистон   Рӯзи Артиши миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ин боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол, қувваҳои мусалаҳаш мебошад. Артиш  ё худ Қувваҳои  мусаллаҳ  дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад. Артишро чун мактаби  мардонагӣ  ва  омӯзиши касбу ҳунар тавсиф карда,  дар он ҷо сарбозон ҳамарӯза бояд  тамрини низомӣ гузаронида ва посбониву  ҳушёрӣ ва  зиракии марзи кишвари азизамонро ҳифз намоянд. Ҳимояи амну осоиштагии мардум вазифаи артиши неруманд аст, ки аҳамияти ҳифзи марз ва ҳаёти осоиштаро ҳассостар дарк месозад.

Артиши миллӣ ин сипарест, ки тамоми рукнҳои давлатдории моро ҳимоя мекунад. Маҳз ин неру бояд аз лиҳози силоҳ ва таҷрибаи ҷангӣ бой бошад. Солҳои аввали ба даст овардани даврони соҳибистиқлолии кишвари азизи мо артиши худро ташкил намуда буд ва ин артиш новобаста аз нав ташкил шуданаш аз лиҳози мудофиа ва мубориза бурдан исбот намуд, ки манфиатҳои давлатдориро ҳифз карда метавонад. Албатта, ҳар як шаҳрванд аз мусаллаҳ будани артиши давлати худ ифтихор мекунад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи  23 феврал саф ороста, аз майдонҳо бо тамоми иқтидори ҷангӣ мегузаранд. Намоиши сафороӣ ва гузашти ҳарбии онҳо аз майдон шаҳодат медиҳад, ки артиши мо сол аз сол аз лиҳози аслиҳа муҷаҳҳаз ва неруманд гардида истодааст. Дар баробари ин дар сохтори он гурӯҳҳои махсуси зудмал вобаста ба самтҳои гуногуни мубориза ва пешгирии ҷинояткорӣ таъсис дода шудааст.

Артиши миллии мо чун рукни устувори давлатдорӣ зери сиёсати сулҳҷӯёна ва хирдамандонаи Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавоно ва бо нақлиётҳои ҷангии заминию ҳавоӣ мусаллаҳ гардидааст. Кишвари сулҳофари мо танҳо барои ҳимояи марзу бум ва давлатдории худ омодагӣ дида, ҳеҷ вақт мақсади ҷанг ва андохтани низоъро дар дигар минтақаҳо надорад. Мо, ки дар ҳамсарҳадии давлати Исломии Афғонистон қарор дорем ва ин минтақа то ҳол амнияти комилро ба даст наовардааст доимо дар омодагии дифои худ ҳастем. Барои ҳамин моро зарур аст, ки Артиши тавонно ва қудратманд дошта бошем.

28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Зебо Бозорова, рӯзноманигори нашрияи ҳизбии “Ҳамрози халқ”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg