БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАКИ ҲИЗБИЁН БА ОИЛАИ ИСКАНДАРОВ

ШАҲРИТУС. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус ва  дастгирии муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Тоҷикстандарт” Иноятзода Парвин дар доираи Аксияи ҳизбӣ “Ниёзмандон ҳамеша зери таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!” оилаи марҳум Гуляев Низомҷон сокини деҳаи Чоршанбе, ки ҳангоми адои хизмати Ватан-Модар дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2020 ба ҳалокат расида буд,  аёдат карда шуд.

Зинми аёдат намояндагони ҳизбӣ бо волидайни марҳум Гуляев Низомҷон суҳбати самимона ороста, ба ин оила кумаки яквақтаинаи моддӣ  расониданд.

Дар охир падари марҳум Гуляев Искандар барои чунин дастгириҳо ва ташаббусҳои инсондӯстона ба  ҳизбиён, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳори миннатдорӣ баён карда, шукрона аз соҳибистиқлолии давлат ва шукуфоии Ватани хеш намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg