АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳамчун ҳизби зодаи истиқлол ва ҳизби ормонҳои чандинасраи халқи тоҷик мебошад. Тавре зикр намудем, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи таърихи дуру дарози талошҳои халқи тоҷик барои ба даст овардани худшиносӣ ва соҳибистиқлолии хеш арзи вуҷуд кард ва имрӯз ҳазорҳо фарзандони содиқи Ватан шомили он мебошад.