ҶАЙҲУН. Семинар- машварати ҳизбӣ оид ба ба таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар бинои маъмурии ҳизб бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоии муассисаву корхона семинар-машварати дастурдиҳӣ тибқи дастурамал (Роҳнамо) дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор гардид.
Зимни баргузории семинар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоимурод қайд кард, ки роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо мақсади таҳкими низоми ҳаракати ҳизб таҳия гардида, ҳамчун дастурамал дар фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ истифода карда мешавад. Дигар баромадкунандагон роҷеъ ба масъалаи мазкур андешаҳои хешро баён дошта, аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ ба суолҳои хеш посухҳои мушахас гирифтанд.