БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРОМИ МО – ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади шаҳру тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Коммунисти Ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ноҳия вохӯрии навбатӣ гузаронида шуд.

Зимни баромад масъулин оид ба  истифодаи самараноки заминҳои корам, фаъол гардонидани шаҳрвандон ба корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл, вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия ва риояи талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ намуданд. Инчунин, масъулин оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ, саҳм гузоштан дар корҳои созандагию ободонӣ ибрози андеша карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg