АНДЕША. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳим буда, таваҷҷуҳи хоса ба он равона намудан зарур мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи варзиш тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, дар ин самт имтиёзҳои зиёдеро ба роҳ мондааст. Дар давоми солҳои 2018-2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои варзишӣ аз ҷониби соҳибкорон сохта ба истифода дода шуд. Хусусан дар ин давра бештар майдончаҳои футболбозии хурд бо шакли болопӯшида барои тамоми фаслҳои сол сохта шуда, айни ҳол фаъолият намуда истодаанд. Дар бештари ин майдончаҳо бозиҳои футбол миёни ҷавонон ташкил ва гузаронида мешавад, ки ин ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузорад. Аз ҷониби дигар ҷавонон ба ҷойи беҳудагардӣ ба варзиш машғул мешаванд. Маҳз фаъолияти майдончаҳои варзишӣ тавонист, ки бештари ҷавононро ба худ ҷалб созад. Аз ҷониби соҳибмулкони ин майдончаҳо вақти муайян,, яъне 30 дақиқа барои бозии футбол ҷудо гардидааст, ки давоми рӯз якчанд дастаҳо имконияти гузаронидани бозии футболи худро доранд. Бо андешидани чунин шароит имрӯзҳо ҷавонони зиёдеро дидан мумкин аст, ки дар бозии футбол малакаи хуберо доро мебошанд. Соҳибкорони ватанӣ бо дарназардошти рағбати ҷавонон иншоотҳо сохта ба истифода медиҳанд. Толорҳои ҷисмонӣ низ барои обу тоби бадан манфиат дошта, зиёд кардани шумораи он ба фоидаи ҳар як маҳалдорон мебошад. Дар ин ҷода зарурати ташкили иншоотҳо барои бозиҳои баскетбол, шиноварӣ ва дигар намудҳои варзиш лозим аст. Чунки мо вобаста ба ҳар як намуди варзиш метавонем беҳтаринҳоро дошта бошем ва барои мусобиқаҳои байналмилалӣ онҳоро пешниҳод намоем. Дар маҷмӯъ рушди соҳаи варзиш ба тандурустии аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар манфиати хуберо ба бор оварда, ба солимии насли наврас замина мегузорад.
Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ