ВАХШ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод, оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат ҷамъомад ва суҳбату вохӯрии судманд доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур Холиқзода Абдураҳим раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва идоракунии маҳалии МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одилҷон Маҳмадов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва Тағоев Манучеҳр сардори Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Холиқзода Абдураҳим доир ба вазъи мураккаби сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳои пешрафта, таъсири бемории сироятии коронавирус дар рушди иқтисодиёти давлатҳои сайёра, сатҳи огоҳии сокинон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, ташаккули тарзи ҳаёти солим, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи неруи барқ, ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ба роҳ мондани корҳои созандагиву ободонӣ, бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуд. Баъдан дигар баромадкунандагон низ дар ҷамъбасти вохӯрӣ ба ҳозирин муроҷиат намуда, ёдовар шуданд, ки мову Шуморо зарур аст, ки дар амалӣ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ дар таъмини рушду устувори иқтисодии кишварамон саҳми шоиста дошта гузорем.