АНДЕША. Дар воқеъ имрӯзҳо кулли мардуми шарафманду сарбаланд ва саодатманди Тоҷикистон аз неъматҳои бебаҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳра бурда, бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолияти муқаддастарину азизтарин неъмати ҳаёт, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Маҳз фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа озодона метавонем таҳсил ва кору фаъолият намоем. Боиси шодмонӣ ва шукргузорист, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.
Маврид ба зикр аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва ташаббуси дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Воқеан, дар ташаккули андешаи миллӣ ва таҳкими истиқлолият нақши китоб хеле бузург аст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ, илму ирфон рӯз то рӯз рушд намуда истодааст. Пӯшида нест, ки китобу китобхона натанҳо дар тарбияи хушахлоқии наврасону ҷавонон саҳмгузоранд, балки дар пешгирии онҳо аз ҳаргуна гароишу ҳаракатҳо ва рафторҳои ношоиста саҳми сазовор доранд.
Боиси ифтихори миллӣ мо гуфта метавонем, ки мо имрӯз дар арсаи ҷаҳон миллати хушбахтарин ҳастем. Сарвари давлати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи халқи тоҷикро ба китобхонию китобдӯстӣ водор намуда, ҳисси донишомӯзиро тавассути китоб дар дилу дидаҳои мо бедор менамояд. Чи тавре, ки дар Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат қайд гардид, дар баробари озмунҳои қаблӣ, аз ҷумла «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» низ гузаронида мешавад.
Мо имрӯз шукри Худоро намоем, ки чунин Сарвари давлат дорем, ки Тоҷикистонро яке аз давлатҳои пешрафтаи қисми олам нишон дод. Дар такя ба ин андеша месазад дубора қайд намуд, ки давлату Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешанд. Далели равшани гуфтаҳои боло ин дар иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ...» мебошад. Шоиста ба зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.
Бекмамадов Асалмамад, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоотӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун