БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ҲАМ ВАТАНАМОНРО ОБОД МЕСОЗЕМ!

ВОСЕЪ.  Бо мақсади иҷрои нақша -чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи байналмиллалӣ  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар ноҳияи Восеъ корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.

Кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард”-и ноҳияи Восеъ пули мошингарде, ки  дар ҷамоати деҳоти Гулистон ва шоҳроҳи Душанбе-Восеъ ҷойгир мебошад, таъмир намуда, онро рангу бор карданд.

Ҳамзамон кормандони масъули ҳизбӣ қайд намуданд, ки ободиву  зебо гардонидани  як гӯшаи диёр вазифаи ҳар яки мо буда, саҳм гузоштан дар он нишонаи меҳанпарастиву ватандӯстӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg