ВАХШ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Вахш, шӯрои ҳамоҳангсозӣ бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия вобаста ба зиёд талафот шудани неруи барқ, истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ аз ҷониби истифодабарандагон ва сари вақт напардохтани ҳаққи қувваи барқ вохӯрии судманд бо раисони ташкилоту муассисаҳо, имомхатибон ва сокинони ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия доир карда шуд.
Сараввал дар вохӯрии мазкур ҳисоботи сардори шабакаҳои барқи ноҳия, Наҷимов Мурод шунида шуда, сокинон таъкид карда шуданд, ки ҳар яки мо сокинонро зарур аст, ки қувваи барқро самаранок истифода барем, ҳаққи маблағи онро сари вақт пардохт намоем ва дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ саҳмгузор бошем.