БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Ҷиҳати ҳифзи суботу оромии кишвар зиракии сиёсиро аз даст набояд дод!

ДӮСТӢ. Дар  Панҷшанбебозори ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони ноҳияи Дӯстӣ  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия бо соҳибкорону савдогарон ва мизоҷон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.

Ҷаҳду талоши мо барои ояндаи дурахшону босаодати Тоҷикистон!

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Данғара дар деҳаи Чорсада 1-и  ҷамоати деҳоти Лолазор намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Шахсони маъюбу дармонда низ аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи буда ба онҳо диққати махсус бояд дод!

ВОСЕЪ. Бо мақсади дастгирии маъюбон, бо мақсади бештар гардидани бовариашон  ба тавонмандии худ ва раҳнамун сохтани онҳо баҳри рушди минбаъда бо иштироки мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Султонова Саёҳат ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, итттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ситамова Роҳила дар ташкилоти ибтидоии “Хона-интернати маъюбон”-и ноҳия бо табибони соҳаи мазкур хониши сиёсӣ доир гардид.

Амали ваҳшиёнаи хоинони миллат нобахшиданист!

ВАХШ. Гурӯҳи таблиғотии ҳизбӣ дар ноҳияи Вахш бо роҳбарии мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳия Сафарали Камолов дар деҳаи Фидокори ҷамоати деҳоти Тоҷикобод пиромуни ҳодисаи рухдодаи нангине, ки аз тарафи аъзои ТЭТ ҲНИ дар шоҳроҳи Данғара нисбати сайёҳони хориҷӣ рух дод, бо сокинон суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.

Наҳзатиёни хоин ба чоҳи кандаи худ афтоданд!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «АДСИН-нафақа» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Сокинон дар якҷоягӣ рафтору кирдори қотилонро сахт маҳкум намуданд!

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо кормандони  Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Балҷувон оид ба муҳокимаи ҳодисаи даҳшатборе, ки дар ноҳияи Данғара рӯзи  29 июли соли  2018  рух дод, вохӯрӣ  баргузор гардид.

Ҳисси эҳтиром ба арзишҳои милливу умумибашариро дар замири насли наврас бедор кардан вазифаи волидон аст!

Ҷ.БАЛХӢ. Мувофиқи ҷадвали баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  барои нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Корхонаи обу канализатсия” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Саъю талоши созандаи хешро ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистон равона месозем!

КӮЛОБ. Доир ба ҳодисаи мудҳише, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон  ба миён омада ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зудамал” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот анҷом дода шуд.

Коршиносони ғайриҳирфаии рус воқеиятро намебинанд

АНДЕША. Баъд аз содир намудани амалиёти террористии 29.07.2018 нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон, дар ВАО интишори мақолаҳои муғризонаи таҳлилгарон, коршиносон ва журналистони рус оид ба ин қазияи фоҷеабор шурӯъ шуд.

Табибон дар роҳи тарғиби сиёсати созандаи ҲХДТ фаъоланд

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва соатҳои сиёсӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар толори Беморхонаи марказии  ноҳияи Ёвон  бо иштироки аҳли заҳмати беморхона соати сиёсӣ баргузор гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg