ҲАМАДОНӢ. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва кормандони Кумитаи иҷроия Фирӯз Пиров ва Саидҷалол Ҷалилов дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо сокинони деҳаи Дараи Калоти ҷамоати деҳоти Қаҳрамон вохӯрӣ гузарониданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ Гадоӣ Сайдалиев дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм ба мақсади пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, инчунин дар бораи соли 2018 эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!” ва Соли тақвияти робита бо маҳал дар назди ҷамъомадагон андешаронӣ намуд.
Баъдан масъулин аз ҳунарҳои мардумии деҳаи Дараи Калот, ки ба намоиш гузошта буданд, дидан намуда, барои боз ҳам рушд додани ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби шахсони бекор, алалхусус ҷавонон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ раҳнамоӣ карданд.