БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Миллати тамаддунофари тоҷик аз қадим дорои фарҳанги бойю пурғановат

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Урсихо атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ   чорабинӣ баргузор  намуданд.            

Чорабиниро мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Қурбонова Малоҳат кушода,  оид ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ,  ҷиҳати сазовор ва бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани 27- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли тақвияти робита бо маҳал,Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, инчунин моҳияти  роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳалмекунем!”-ро ба сокинон фаҳмонид.

Сокинон моҳияти Аксияи ҳизбии номбурдаро хуб дарк карда,  афзуданд, ки дар амалӣ гардонидани  ҳадафҳои созандаи ҳизб, ки ба беҳбудии зиндагии мардум ва ободии Ватан тарҳрезӣ карда шудааст, саҳми муносиби хешро мегузорем.

Дар охир занону бонувони ҳунарманд ҳунари дастии хешро, ки аслан  мардуми ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин ба ҳунару ҳунармандӣ шавқу рағбати беандоза доранд, ба маърази тамошо гузоштанд, ки ҳамагон аз дидани  нақшу нигорҳои  рангоранги  гулдӯзиву қуроқдузӣ, попуриву  зардӯзӣ, сабадбофӣ  ва дигар намуди  ҳунарҳои миллӣ  ба худ ғизои  маънавӣ гирифтанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg